Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раис ва аъзои Шӯрои ВАО интихоб мешавад


Имрӯз, ҷумъаи 12 декабр дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки ба ҳадафи интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО сурат гирифт, мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва созмонҳои иҷтимоӣ ва намоянлагнони расонаҳои Тоҷикистон ширкат карданд.

Қабл аз интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО, мавзӯи “Мушкилоти умдаи ВАО –и Тоҷикистон ва мавқеи Шӯрои ВАО дар талоши ҳалли мушкилот” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки дар ин замина Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани Миллии расонаҳои мустақил ва Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин таҳия ва қабули Тавсияҳо ба хотири риояи бемайлони меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ ва рушди касбияти кормандони ВАО аз дигар масъалаҳои мавриди баҳс дар ин нишаст буд. Пас аз ҳисоботи Қироншоҳ Шарифзода, раиси феълии Шӯрои ВАО, интихоби раиси нави ин шӯро ва аъзои сурат гирифт. (раис ва аъзои Шӯрои ВАО соати 17.00 дақиқаи вақти Душанбе дар назар аст.)

Ин ҳам дар ҳоле, ки Қироншоҳ Шарифзода, моҳи ноябри соли 2012 ба мақоми раиси Шӯрои ВАО интихоб шуда буд, ки дар ин симмат ӯ ҷойгузини Зиннатуллоҳи Исмоил, раиси шабакаи телевизиони мустақили СМТ (Симои Мустақили Тоҷикистон) шуда буд. Қироншоҳ Шарифзода, устоди Факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллӣ мебошад. Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

XS
SM
MD
LG