Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дар 30 соли охир барфи рекордӣ борид


Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон мизони рекордии бафр борид ва дар баъзе минтақаҳо баландии барф ба як метр расид. Дар ин бора Маҳбуба Қосимова-намояндаи идораи ҳавошиносии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Бино ба гуфтаи Қосимова, дар давоми 30 соли охир бори аввал 7 декабр дар саросари Қирғизистон ин гуна барфи зиёд боридааст ва барои оғози зимистон аз меъёр чанд баробар бештар будааст.

Вай гуфтааст, ки ҳавошиносон дар ағбаи Тоо-Ашуу баландии барфро чен кардаанд ва он 121 сантиметр будааст. Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Ҷалолобод низ баландии барф 108 сантиметр будааст.

Ҳавошиносони қирғиз ҳушдор додаанд, ки дар роҳҳои кӯҳистонӣ хатари резиши тарма хеле зиёд шудааст, зеро то охири ҳафта ҳаво дубора гармтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG