Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали ҷоизаи Нобел 4,7 миллион доллар ба фурӯш рафт


Пушту рӯи медали ҷоизаи Нобел
Пушту рӯи медали ҷоизаи Нобел

Ҷоизаи Нобеле, ки Ҷеймс Вотсон-донишманди амрикоӣ барои кашфи таркиби ДНК гирифта буд дар як ҳарроҷӣ дар Нию Йорк 4,7 миллион доллар ба фурӯш рафт. Ин медали тиллоӣ гаронтарин ҷоизаи Нобел аст, ки то ҳол дар ҳарроҷиҳо ба фурӯш рафтааст.

Намояндагони намоишгоҳи “Кристис”, ки ҳарроҷӣ дар он ҷо баргузор шуд, хабар доданд, ки бо хоҳиши харидори медал номи вайро ифшо намекунанд.

Вотсони 86 сола мегӯяд, ки як қисми маблағи ба дастомада аз фурӯши медалро ба донишгоҳҳо, озмоишгоҳҳо ва ба созмонҳои хайрия хоҳад дод.

Ҷеймс Вотсон, Френсис Крик ва Морис Вилкинсон соли 1953 ДНК-ро кашф карда буданд ва дар соли 1962 онҳо барои ин кашфиёт дар бахши физиология ва тиб ба дарёфти ҷоизаи Нобел ноил омаданд.

Соли гузашта медали Крик дар ҳарроҷие ба 2 миллиону 270 ҳазор доллар ба фурӯш рафт. Вале медали Вонтсон нахустин медалест, ки ҳангоми дар ҳаёт будани соҳиби он фурӯхта шуд.

XS
SM
MD
LG