Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Туск расман ба ифои вазифаи раиси Шӯрои ИА шурӯъ кард


Доналд Туск
Доналд Туск

Доналд Туск, нахуствазири пешини Лаҳистон, рӯзи 1 декабр расман ба ифои раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо (ИА) шурӯъ кард. Ӯ дар ин мақом Ҳерман Ван Ромпейро иваз намуд. Гуфта мешавад, ки ин волотарин мақоми намояндаи ин кишвар тайи даҳ соли узвияти Лаҳистон дар Иттиҳодияи Аврупост.

Доналд Туск, яке аз фаъолони ҳаракати зидидкоммунистии “Солидарност” (“Ҳамраъйӣ”) , соли 2001 ҳамроҳ бо ду сиёсатмадори бонуфуз Анҷей Олеховский ва Матсей Плажинский ҳизби либералии “Платформаи шаҳрвандӣ”-ро таъсис кард ва ба зудӣ мақоми раиси ин ҳизбро соҳиб шуд.

Ҳафт сол пеш “Платформаи шаҳрвандӣ” дар интихоботи парлумонии Лаҳистон пирӯз шуд ва Доналд Туск курсии нахуствазирро ишғол кард. Соли 2011 ҳизб дар интихоботи навбатии парлумонӣ ҳам раъйҳои бештари интихобкунандагонро ба даст овард ва Туск мақоми раиси кобинаи вазиронро ҳифз кард.

Доналд Туск рӯзи 30 август, баъди раиси Шӯрои ИА интихоб шуданаш, аз мақоми нахуствазири Лаҳистон ва раиси ҳизби “Платформаи шаҳрвандӣ” истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG