Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Швейтсария 3 пешниҳодро рад кард


Мардуми Швейтсария дар раъйпурсии умумӣ пешниҳод барои маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирон ва коҳиши молиёт барои хориҷиёни сарватманди муқими кишварро напазируфтанд. Дар сурати қабули пешниҳод, Швейтсария дар як сол танҳо 17 ҳазор муҳоҷирро қабул мекард, ки 25 дар сади меъёри феълӣ аст. Ҳафтоду ҳашт дар сади мардум мухолифи ин пешниҳод раъй додаанд ва 60 дар сади дигар низ ба кам кардани ҳаҷми молиёти хориҷиёни муқими Швейтсария мухолиф будаанд. Тақрибан 25 дар сади нерӯи кории Швейтсарияро хориҷиён ташкил медиҳанд. Пешниҳоди саввум дар раъйпурсӣ боло бурдани захираҳои тиллои кишвар буд, ки онро низ рад кардаанд. Раъйпурсии рӯзи 30-уми ноябр дуввумин раъйпурсии Швейтсария дар бораи муҳоҷират аст.

XS
SM
MD
LG