Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Афғонистон мувофиқатномаи амниятиро тасдиқ кард


Порламони Афғонистон мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятӣ бо Амрико ва НАТО-ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин мувофиқатнома баъд аз поёни соли 2014 низ нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳузури худро идома медиҳанд.

Абдулрауф Ироҳимӣ-раиси порламон 23 ноябр эълон кард, ки аксари намояндагони порламон ба ҷонибдорӣ аз ин мувофиқатнома рай додаанд. Ин мувофиқатномаро ҳукумати нави Афғонистон 30 сентябр бо Амрико ва алоҳида бо НАТО имзо карда буд.

Акнун ин мувофиқатнома иҷоза медиҳад, ки ҳудуди 12 ҳазор низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон соли оянда аз нируҳои маҳаллӣ ҳимоят кунанд. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин аз имзои ин мувофиқатнома даст кашида буд.

Ин мувофиқатнома дар ҳоле ба тасвиб расидааст, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дастуруламалии навро имзо кардааст ва бар асоси он нируҳои Амрико на танҳо бар зидди Ал Қоида, балки бар зиддиТолибон мубориза мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар амалиёт аз ҳаво ба нируҳои Афғонистон кӯмак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG