Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мудири EBRD ба Тоҷикистон баъди 9 сол


Сума Чакраборти, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, бо як сафари дурӯза вориди шаҳри Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дидору гуфтӯгу кард. Бори аввал аст, ки мудири бонки мазкур тайи 9 соли ахир ба Душанбе сафар мекунад. Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сума Чакраборти сармоягузории афзояндаи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва стротегияи ояндаи ин бонк барои Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Свитлана Пиркало, сухангӯи бонк, Сума Чакраборти ҳамчунин бо вазири молия, раиси Бонки миллӣ, намояндагони ҳалқаҳои тиҷоратии Тоҷикистон мулоқот мекунад. Ҳамчунин қарор аст, раиси Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд бо муассисаҳои молии «ИМОН Интернешнл» ва «Шивер Таджикистан» қарордод имзо кунад. Муаасисаи аввалӣ бо истифода аз сармояи бонки мазкур ба мизоҷонаш дар Тоҷикистон қарзҳои хурду миёна медиҳад. «Шивер Таджикистан» қасд доштааст, бо баҳрабардорӣ аз сармояи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд дар Тоҷикистон нахустин супермаркети муосир бо номи «Ашан» боз кунад.

XS
SM
MD
LG