Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютери Apple-1 бо нархи 905 ҳазор доллар ба фурӯш рафт


Нахустин компютери Apple-1
Нахустин компютери Apple-1

22 октяб дар ҳарроҷии Нию Йорк яке аз нусхаҳои боқимондаи компютери Apple-1 бо нархи 905 ҳазор доллар (наздик ба як миллион доллар ) ба фурӯш рафт. Apple-1 дар ҷаҳони компютер инқилоб ба вуҷуд оварда буд.

50 дона чунин компютери нодирро Стив Возняк ва Стив Ҷобс дар гараҷи падари Стив Ҷобс дар шаҳри Лос Атлоси Калифорния тобистони соли 1976 сохта буданд.

Толори намоишгоҳи Бонҳамс интизор дошт, ки ин компютер мумкин аст аз 300 ҳазор то 500 ҳазор доллар ба фурӯш равад, вале нархи он то ба 905 ҳазор боло рафт.

Соли 1976 ин 50 компютер дар мағозаи Byte Shop ба фурӯш гузошта шуд ва ҳар яке аз онҳо 666, 66 доллар фурӯхта шуд. Баъд аз он Стив Ҷобс ва Возняк 150 донаи дигар сохтмнд ва ба дӯстону мухлисонашон фурӯхтанд.

Ба эҳтимоли зиёд аз нусхаҳои аввалини Apple-1 шояд хеле кам боқӣ монда бошад.

XS
SM
MD
LG