Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Горди миллии Украина даст ба тазоҳурот заданд


Тақрибан 350 сарбози Горди миллии Украина рӯзи душанбе аз пойгоҳи худ дар мавзеи Новие Петровитси берун ва пиёда сӯи бинои раёсатҷумҳурӣ дар Киев равона шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, сарбозон алайҳи раисиҷумҳур Петро Порошенко шиор мезананд.

Гуфта мешавад, ки қабл аз ин сарбозон тайи чаҳор шабонарӯз талаб карданд, ки вазорати дифоъ маошашонро пардохт кунад. Онҳо ҳамчунин хостори таъмини ҳама бо либоси зимистона ва бархӯрди муносиб аз сӯи фармондеҳон шуданд.

Сарбозони Горди миллӣ аз раисиҷумҳур хостории барканории командирҳои қисмҳои низомии худ мешаванд. Дар ҳамин ҳол фармондеҳони Горди миллӣ хабар доданд, ки бо гурӯҳи сарбозони эътирозгар гуфтушунид мекунанд.

Аз ин пеш Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 13 октябр номзадии фармондеҳи Горди миллӣ Степан Полторакро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кард. Сарвари Украина дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар ин бора баъд аз сӯҳбатҳо бо генералҳо ва сарбозони артиши Украина тасмим гирифтааст. Қарор аст, ки номзадии Степан Полторак ба мақоми вазири дифои Украина дар Верховная Рада рӯзи сешанбе, 14 октябр баррасӣ шавад.

Петро Порошенко рӯзи якшанбе истеъфои вазири дифоъ Валерий Ҳелетейро пазируфт.

XS
SM
MD
LG