Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши пурқурбонӣ дар шаҳри Ҳумси Сурия


Бар асари ду таркиш дар канори мактаб ва бемористони шаҳри Ҳумси Сурия дасти кам 39 нафар, аз ҷумла, 30 кӯдаки то 12-сола ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, дар ин ҳодисаҳо, ки рӯзи 1 октябр рӯй доданд, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Хабаргузории Associated Press аз қавли мақомоти Димишқ дар бораи ҳалокати 22 нафар, аз ҷумла, 10 тифл иттилоъ дод.

Бар пояи хабарҳо, аввал як мошини ҳомили маводи тарканда дар ҳоле инфиҷор кард, ки кӯдакон аз мактаб берун мешуданд. Баъд аз чанд дақиқа, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, як маргталаб худро тарконид.

Таркишҳо дар минтақаи таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ рӯй доданд. Масъулияти таркишҳоро то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. .

XS
SM
MD
LG