Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти истифода аз барқ дар Тоҷикистон шуруъ мешавад


Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кардааст, ки аз рӯзи чоршанбе 1 октябр дар навоҳии кишвар маҳдудияти барқ ба тарви расмӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин маҳдудият ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои маъмурии вилояту ноҳияҳои кишвар дигар ҳамаи минтақаҳоро дар бар мегирад.

Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангуи ширкати “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард. Ширкати “Барқи тоҷик” сабаби инро поин рафтани сатҳо об дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон ва поин рафтани ҳарорати ҳаво медонад. Ба ин тартиб, аз ҳоло истифода аз оби захирашудаи обанбори Норак оғоз меёбад ва марҳила ба марҳила дар Тоҷикистон маҳдудияти истифода аз нируи барқ ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG