Дар пайи рӯбарӯ шудани Эрон бо камбуди об бархе аз руҳониёни ин кишвар ба даъвати сокинон барои сарфаҷӯии об пардохтаанд. Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ду рӯзи пеш, ҳангоми суханронияш дар масҷиди аъзами шаҳри Қуми Эрон, гуфтааст, масъалаи камбуди об дар кишвараш бештар аз ҳушдор аст ва дар сурати сарфаҷӯӣ нашудан сокинон бо мушкили шадид рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ӯ дар идомаи мавъизааш баён доштааст, “Ислом исрофро дар ҳама чиз ҳаром хондааст ва агар мо ин амрро риоя кунем, мушкили обии мо ҳал хоҳад шуд. Пайравӣ аз дастуроти Ислом барои ҳифзи зиндагии маънавӣ ва моддии инсонҳо худ корзор аст”.
Теҳрон дар ҳоли ҳозир роҳҳои ҳалли камобӣ дар ин кишварро ҷустуҷӯ дорад ва яке аз барномаҳояш кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон то Эрон аст. 9 августи соли ҷорӣ Ҳамид Читачиён, раиси Комиссияи энержии парлумони Эрон, гуфт, гурӯҳи корӣ дар Вазорати нерӯ ва дар парлумон барои баррасии воридоти об аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Алӣ Марвӣ, вазири энержии Эрон, низ аз ташкили гурӯҳи корӣ дар вазорати нерӯ ё энержӣ ва парлумон дар робита бо воридоти об аз Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, "воридоти об аз ин кишвар дар қолаби табодул бо газ сурат хоҳад гирифт."
Вазири нерӯи Эрон дар айни ҳол бо ишора ба тӯлонӣ будани омӯзишҳо дар мавриди воридоти об гуфтааст, дар ин масъала наметавон ба таври ҷиддӣ пешгӯӣ кард. Ҳамид Читачиён, раиси Комиссияи энержӣ дар парлумони Эрон, бо баёни ин ки воридоти об кишварашро вобастаи дигар давлатҳо намекунад, афзудааст, "дар сурате ки воқеан ниёзманди воридот бошем, ин кор анҷом мешавад." Мавзӯи воридоти об аз Тоҷикистон ба Эрон пеш аз ин низ матраҳ будааст. Маҷиди Номҷӯ, вазири пешини энержӣ дар кобинаи Маҳмуди Аҳмадинажод, дар моҳи майи соли 2012 аз имзои як мувофиқатнома дар ин замина байни Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дода буд. Оқои Номҷӯ он замон гуфта буд, воридоти об аз Тоҷикистон бояд аз масири Афғонистон анҷом шавад.