Раёсати умури дохилии Душанбе Фирӯз Файзови 20-соларо ба ҷурми ҳамла ва захмӣ кардани Неоги Ависег, шаҳрванди Ҳиндустон ва корманди ширкати “ИМС-Преҷент-менеҷмент”, боздошт кардааст. Маъмурони пулис мегӯянд, Файзов ҳамроҳи ду дӯсташ - Фаррухҷон Ҳошимов ва Саидҷаъфар - шоми 21 сентябр дар тарабхонаи “Канд”-и пойтахт бо Ависег вориди муноқиша шуда, ӯро бо корд захмӣ мекунанд. Ба қавли манбаъ, ин шаҳрванди Ҳиндустон дар беморхона бистарист ва ҷустуҷӯи ҳамроҳони Фирӯз Файзов идома дорад.