Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳазор курди Сурия ба Туркия паноҳ бурдаанд


Ҳукумати Туркия гуфт, дар як рӯзи гузашта даҳҳо ҳазор курдҳои Сурия аз тарси ҷангҷӯёни Давлати исломӣ гурехта ба Туркия омадаанд. Нуъмон Куртулмуш, муовини нахуствазири Туркия, рӯзи 20-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, баъди боз кардани марз бо Сурия, “тақрибан 45 ҳазор курди Сурия аз нӯҳ гузаргоҳ ба қаламрави Туркия ворид шудаанд.” Ҷангҷӯёни Давлати исломӣ дар чанд рӯзи гузашта даҳҳо рустоҳо дар минтақаи Кубонӣ дар шимоли Сурияро ишғол карданд. Ин минтақа дар наздикии марз бо Туркия ҷойгир аст. Масъуд Барзонӣ, пешвои курдҳои Ироқ баъд аз пешравии ҷангҷӯён аз ҷомеаи байналмилал хост, ба муҳофизати курдҳои Сурия бархезад.

XS
SM
MD
LG