Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати 14 ҳизб аз Русия ва Украина


Аҳзоби сотсиал-демократи 15 кишвари ҷаҳон дар Остона ҷамъ омада, дар як эъломия аз ҳукумати Русия ва Украина даъват карданд, ки «Созишномаи оташбаси Минск»-ро эҳтиром гузоранд ва бандҳои онро татбиқ карда, бо роҳи мусолиҳа бӯҳрони сиёсии мавҷударо ҳал кунанд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таи ду рӯзи ахир дар Остона намояндагони аҳзоби сотсиал-демократ аз 15 кишвар асосан бӯҳрони Украинаро баҳс кардаанд. Дар ин нишаст намояндагони ҳизбҳои сотсиал-демократи Русия ва Украина низ даъват шуда буданд. Аҳли нишаст татбиқи созишномаи Минскро як роҳи ҳалли бӯҳрони Украина донистаанд.

Ҷаноби Зоиров гуфт, дар поёни ин нишаст эъломияе дар мавриди зарурати риояи созишномаи Минск аз тарафи Укроина ва Русия ва бо роҳи мусолиҳа ҳал кардани бӯҳрон тасвиб шуд.

XS
SM
MD
LG