Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт аз Суғд ба Душанбе


Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғд дар рӯзҳои баргузории нишасти солонаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе ҳаракати нақлиёти хурди мусофирбар аз шимоли кишвар ба пойтахтро маҳдуд кард. Диловар Ализода, сухангӯи БДА-и вилоят дар Хуҷанд гуфт, ин кор ба хотири мусоидат барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз тамбашавии воситаҳои налиёт дар Душанбе иҷро мешавад. Вай афзуд, сокинон дар ҳолати пайдо шудани корҳои таъҷилӣ барои сафар бо автомобил ба Душанбе, бояд аз сардори идораи корҳои дохилии вилояти Суғд иҷозат бигиранд. БДА дар вилояти Суғд мегӯяд, ин маҳдудият 5 шабонарӯз ва сар аз рӯзи 9-уми сентябр оғоз шуда, то 14-уми сентябр давом хоҳад кард. БДА тавассути телевизионҳои маҳаллӣ аз сокинон талаб дорад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба пойтахт бидуни кори таъҷилӣ худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG