Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сармуҳосиби Донишкадаи исломӣ барои сирқати 71 ҳазор сомонӣ


Нишон Ниёзов, сармуҳосиби Донишкадаи исломии Тоҷикистон маблағи беш аз 71 ҳазор сомониро ба роҳи дуздӣ аз худ кардааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ниёз Нишонов, сармуҳосиби Донишкадаи исломӣ дар давоми фаъолияти кориаш, яъне аз соли 2012 то моҳи июни соли ҷорӣ бо истифода аз вазифаи сармуҳосибии худ ба тасарруфи беш аз 71 ҳазор сомонӣ даст задааст. Оҷонии зидди фасод мегӯяд, Ниёз Нишонов бар иловаи аз худ намудани маблағи 51 ҳазору 491 сомоние, ки дар ҳисоби «Амонатбонк» будааст, боз пинҳонӣ тавассути почтаи электронӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» ба номи худ суратҳисоби музди меҳнат кушода, аз ҳисоби андоз аз шахсони воқеӣ маблағи иловагӣ ворид кардааст, ки дар маҷмуъ 71 378.42 сомониро аз худ кардааст. Оҷонсии зидди фасод рӯзи 8 августи соли равон Нишон Ниёзов бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» аз худ кардани маблағ дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз кардааст, ки феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG