Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти шоколадҳои "Рошен" коҳиш ёфтааст


Воридоти шоколадҳои «Рошен»-и украинӣ ба Тоҷикистон кам шудааст. Бахтиёр Шукурзода, раиси Оҷонсии «Тоҷикстандарт» рӯзи 11-уми июл гуфт, ки ҳодисаҳои ахири Украина ва муносибати ин кишвар бо Русия боис шуда, ки маҳсулоти ширкати «Рошен» ба Тоҷикистон коҳиш ёбад. Аммо сару садо дар бораи зараровар будани ин шоколадҳоро ин масъули «Тоҷикстандарт» бори дигар рад кард. Шукурзода гуфт, баъди оне, ки аз ҷониби баъзе давлатҳо воридоти ин шоколадҳо манъ шуд, онҳо ду маротиба ташхис гузаронидаанд, вале зараровар будани шоколадҳои «Рошен» ошкор нашудааст. Ширкати истеҳсоли шоколади «Рошен» марбут ба соҳибкор ва ҳамакнун раиси ҷумҳури Украина Петро Прошенко аст, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Украина Русия воридоти ин шоколадҳоро ба кишвараш манъ кард. Русия сабаби манъи онро дар мавҷуд будани моддаи ба саломатӣ зараровар дар таркиби ин шоколадҳо унвон мекард.

XS
SM
MD
LG