Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 79 муҳоҷири тоҷики сокини Хатлон бо сабаби бемории сил аз Русия


Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 79 муҳоҷири кории тоҷик танҳо аз вилояти Хатлон, аз шаҳрҳои Русия баъди ташхиси духтурони силшиноси рус, ки гирифтори бемории сил будаанд ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Масъулони раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон гуфтаанд, ки онҳо дақиқ намедонанд ин беморон аз Тоҷикистон бо ин беморӣ рафтаанд ё дар онҷо ба гирифтори он шудаанд. Духтурони маркази зидди сил гуфтаанд, ки онҳо талош доранд беморонеро, ки аз Русия ба хонаҳояшон бо бемории сил баргаштаанд ҳарчи зудтар дар беморхонаҳои зидди силӣ бистарӣ кунанд. Суҳроб Камолов, директори маркази бемориҳои зидди силии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки дар вилоят беш аз 20 беморхонаи зидди силӣ фаъолият мекунад, вале нарасидани духтурони силшинос дар ин вилоят ҳануз дида мешавад. Дар вилояти Хатлон 5134 нафар ба бемории сил сабт шудаанд, ки аксари онҳо нафарони аз 18-сола то 49 -сола мебошанд.

XS
SM
MD
LG