Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ниҳоят ба беларусӣ ҳарф зад


Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи чаҳоршанбе, коре кард, ки шаҳрвандони кишвараш аз он шадидан шигифтзада шуданд.

Александр Лукашенко дар тули 20 соли раҳбарии худ аввалин бор бо забони модариаш -- беларусӣ суханронӣ кард. Ҳарчанд суханронии Лукашенко дар як нишаст ва дар ҳалқаи танги даъватшудаҳо ба муносибати фарорасии рӯзи истиқлолияти Беларус сурат гирифт, аксаран ин падидаро ҳамчун оғози канор рафтани ӯ аз одати арҷ нагузоштан ба забони модарӣ унвон карданд.

Александр Лукашенко, шояд ягона раҳбари ҷумҳурии собиқ шӯравӣ аст, ки на танҳо шеваи раҳбарии даврони шӯравӣ, балки забони он давлати набударо ҳифз карда ва дар ин замина ҳамеша танқид мешавад.

Аммо Александ Фиадута, сухангӯи собиқи президент Лукашенко мегӯяд, ки набояд аз ин сухаронӣ маънии зиёд бардошт. Фиадута, ки соли 1995 аз Лукашенко ҷудо шуд ва ҳоло аз таҳлилгарони аршади кишвар номбар мешавад гуфт, “набояд қазоват кард, ки Лукашенко пушт ба Русия мегардонад. Ӯ масири худро дорад.”

Ин ҳаракати Лукашенко гумонҳоеро дар Баларус ба миён овард, ки шояд ӯ дар пасманзари ишғоли Қрими Украина аз тарафи Русия аз Маскав- қадимтарин шарики тиҷоратӣ ва дипломатии худ дурӣ меҷӯяд. Ин далел, ки суханронии президент Лукашенко ба забони беларусӣ як рӯз пеш аз сафари расиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Минск ва ширкати ӯ дар солгарди озодии Беларус аз фашизм сурат гирифт, бисёриҳоро ба ҳайрат овард.

Александр Фиадута ба сурати умум матни нахустин ва то ҳол ягонаи суханронии Лакашенко ба забони беларусиро навиштааст, ки президенти он замон тозаинтихоб Александр Лакашенко онро дар соли 1994, дар рӯзи истиқлолияти Беларус ироа карда буд. Фиадута мегӯяд, расидагии мӯшикофонаи матбуот баъди ин суханронӣ президентро ба истифодаи забони беларусӣ дилсард кард. “ Мутаасифона баъди он сухарони ҳама ба таҳлили он шуруъ карданд ва маънояшро ба трозу гузоштанд ва президент баъди хондани ин шарҳҳо дигар хоҳиш надошт, ки ба забони беларусӣ суханронӣ кунад.”

Як сол баъд аз ин, дар соли 1995 Лукашенко мақоми забони русиро ба забони давлатӣ баробар кард. Мунтақидони ӯ Лукашенкоро ба ин муттаҳам мекунанд, ки дар аҳди ӯ теъдоди мактаҳо ба табъу нашр забони беларусӣ коҳиш ёфт. Забони беларусӣ ҳамун забони пастпартов ва бесифат таърихи тӯлонӣ дорад. Дар замони шӯравӣ ин забон бештар забони деҳқонҳо арзёбӣ мешд ва беларусҳое, ки ба зинаҳои иҷтимоӣ боло мерафатанд бояд ба забони русӣ гап мезанад, ҳадди ақал дар назди ҷамъият.

Таблиғгарон ва ҳавохоҳони аслии забони беларусӣ дар ин кишвар асосан мухолифони ҳукумати Алекскндр Лукашенко миллатгароҳо ва рӯшанфикрон номбар мешаванд.

Аксари беларусҳо бо ҳам омехтани забони русиву беларусӣ гӯишеро ба миён овардаанд, ки “трасианка” ном дорад.

XS
SM
MD
LG