Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Лукашенко мулоқот мекунанд


Интизор меравад, ки дар музокироти Владимир Путин ва Александр Лукашенко-раисони ҷумҳури Русияву Беларус бӯҳрони Украина баррасӣ шавад. Ин музокирот дар ҳошияи мулоқоти Шӯрои Олии иқтисодии АвруОсиё дар Минск ба нақша гирифта шудааст.

Юрий Ушаков-мушовири Путин гуфт, Лукашенко ва Путин “масъалаҳои калидии сиёсати хориҷиро баррасӣ хоҳанд кард, ки дар миёни онҳо вазъ дар Украина низ ҳаст”.

Дар эъломияҳои ошкори худ Лукашенко гуфтааст, ки вай мухолифи ба шарқу ғарб тақсим шудани Украина мебошад. Раҳбари худкомаи Беларус мегӯяд, вай ҳамчунон ҳампаймони боэътимоди Русия хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG