Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Агар Путин ба инҷо биёяд, маълум нест русҳо дар кадом тараф хоҳанд буд"


Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки агар Путин ба Беларус биёяд, маълум нест, ки русҳои ин кишвар дар тарафи кӣ хоҳанд буд.

Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи сешанбеи 22 апрел дар паёми солонааш ба парлумон ва мардум гуфт, дар пасманзари ташаннуҷи авзои байналмилалӣ истиқлолияти кишварро таҳким бубахшанд. Идеяи ҳифзи истиқлолияти кишвар ҳудудан ними паёми солонаи президентро пӯшиш дод.

“Ман дар як замони начандон сода ба шумо муроҷиат мекунам. Давлатҳои атрофи мо ба ҳаракат даромадаанд: Украина меҷӯшад, Русия мехоҳад, бо шакли комили таърихиаш ба по хезад. Марзҳо дар пеши чашми мо фурӯ мепошанд. Даврони наве оғоз шудааст, ки ҳеҷ кас намедонад, он чигуна хоҳад буд,”- гуфт президенти Беларус Александр Лукашенко. Ӯ ҳамзамон ба вуҷуди суботу амният дар дохили кишвари худ таъкид кард ва афзуд, Беларус ба ҳеҷ низоъе ҳамроҳ нест, аммо заминаҳое барои нигаронӣ дорад.

Александр Лукашенко ба назарияи “маҳдуд шудани русҳо дар Беларус” намоишкорона вокуниш кард ва гуфт, онҳое, ки ин идеяро ба баҳс кашидаанд, асос надоранд. Касе русҳоро дар Беларус маҳдуд накардааст, магар ки онҳо худашон худро маҳдуд карда бошанд. Лукашенко гуфт, русу беларусҳо онқадар бо ҳам махлут шудаанд, ки ҷудо кардани хуни онҳо дигар имкон надорад. Ӯ гуфт, ки ҳамаи ин ҳарфу садоҳо ба сӯи нооромӣ мебарад. “Ба назар мерасад, касе инро бисёр мехоҳад,”- гуфт ӯ ва ба Раиси Кумитаи амнияти кишвараш дастур дод, ки пеши роҳи ин гуна гуфтугӯҳоро бигирад.

“Ман рӯи рост мегӯям”- гуфт Лукашенко, -“ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон, бо шумули худи Русия ин қадар бо эҳтиром ба ба забони русӣ бархӯрд накардааст, ки Беларус мекунад. Аммо ӯ ҳамзамон эътироф кард, ки мақомот барои пуштибонӣ аз забони русӣ кори зиёд накардаанд. “Агар мо забони беларусиро аз ёд бубарем, ҳамчун миллат ҳам боқӣ нахоҳем монд”- гуфт Лукашенко. Бинобар мушоҳидаи коршиносон, Лукашенко дар гузашта ҳеҷ гоҳ аз ин ҳарфҳо нагуфта буд.

“Ҳукумат ба дигаргуниҳои тадриҷӣ, ки зиндагӣ дикта мекунад, омодааст, аммо мухолифи ҳамагуна харобиҳои бунёдист." Лукашенко дар посух ба суоли намояндагони мардумӣ дар бораи мухолифати ӯ ба федерализация дар Украина гуфт, шояд ин идея ба баъзеҳо писанд набошад, аммо ӯ аз Украинаи якпорчаву ягона пуштибонӣ мекунад.

Лукашенко гаштаву баргашта ба масъалаи ҳимоят аз истиқлолият рӯ меовард. Ӯ гуфт “Худо накунад, ки аз ҷануб ё аз ғарб пойи ҷаълие ба сарзамини мо қадам гузорад. “Мо аввалин шуда ба ҳимояти сарзамини худ бармехезем.” Раисҷумҳури Беларус дар заминаи таҳдиди эҳтимолии Маскав ба истиқлолияти Беларус гуфт, “Агар Путин ба ин ҷо биёяд, маълум нест, ки русҳо дар тарафи кӣ хоҳанд буд."

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG