Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз Минск боздид ва бо Лукашенко мулоқот мекунад


Лукашенко ва Путин, акс аз бойгонӣ
Лукашенко ва Путин, акс аз бойгонӣ

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 2 июл аз Минск-пойтахти Беларус боздид ва дар маросимҳои баргузории 70 солагии раҳоии Беларус аз ишғоли нозиён ширкат меҷӯяд. Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Русия бар пояи муҷассамаи Ғалаба гулчанбар гузорад ва аз музеи Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ боздид кунад.

Бино ба хабари Кохи Кремл, боздиди Путин аз Минск бо даъвати Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус сурат мегирад. Ҳар ду раиси ҷумҳур ҳамкориҳои дуҷониба ва равандҳои ҳамгароии минтақаро баррасӣ мекунанд.

Русия, Беларус ва Қазоқистон узви Иттиҳодияи Гумрукӣ мебошанд, ки раҳбарии онро Русия бар уҳда дорад. Онҳо мехоҳанд ин иттиҳодияро мисли Иттиҳодияи Аврупо тавсеа диҳанд ва дар ин бора 1 январи соли 2015 санадҳои зарурӣ имзо шавад.

XS
SM
MD
LG