Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми боздиди Янош Ҳерман аз Тоҷикистон


Сафари кории Янош Ҳерман, фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Аз дафтари ИА дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн хабар доданд, ки Янош Ҳерман ҳангоми сафари худ ба ин минтақа 9-уми июн ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, тӯли 2 рӯз бо намояндагони мақомоти тоҷик ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқотҳо анҷом додааст. Аз ҷумла Янош Ҳерман ба ҳайси сафири Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонов ва директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров мулоқот кардааст. Илова бар ин, сафир Ҳерман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласа доир намуд ва дар Академияи Вазорати корҳои хориҷӣ пиромуни сохтори ИА, равобити ин созмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон барои дипломатҳои ҷавон маърӯза кардааст. Маҳбуба Абдуллоева, масъули дафтари матбуотии ИА дар Душанбе гуфт, ки ҳангоми мулоқотҳо бо сиёсатмадорони тоҷик, сафир Ҳерман дар бораи идомаи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар доираи буҷавии ИА барои солҳои 2014 – 2020 сухан ронд. Ӯ гуфт, ки ИА дар буҷаи худ тақрибан 1 миллиард евро кӯмак ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ кардааст. Фиристодаи махсус низ аҳамияти муколамаи сиёсӣ ва зарурати густариши ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон таъкид намудааст. Инчунин, сафир Ҳерман бо мақомдорони тоҷик масоили амният ва ҳамкорӣ алайҳи таҳдидҳои байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи қочоқи маводи нашъаоварро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG