Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти HRW аз ҳукми додгоҳ нисбати Азия Плюс ва хабарнигори он


Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар -- Human Rights Watch аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ҷаримабандии ҳафтаномаи мустақили Азия Плюс ва хабарнигори он Олга Тутубалина интиқод карда, хостааст, то ин ҳукм дар зинаҳои болоии додгоҳӣ лағв шавад. Бо нашри як изҳорот дар сомонааш созмони Human Rights Watch, рӯзи 2-уми июн гуфтааст, ки «набояд як нашрия барои мустақил буда ҷарима шавад ва ҳукумати ин кишвар бояд меъёрҳои озодии баёнро риоя кунад.»
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ ҳамин тавр навиштааст, ки дар Тоҷикистон сомонаҳои Азитя Плюс, Озодӣ, Фейсбук ва Ютюб мунтазам баста мешаванд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо даъвои чанде аз зиёиён нашрияи мустақили «Азия Плюс» ва хабарнигори он Олга Тутубалинаро барои нашри матлаби интиқодӣ дар мавриди зиёиён 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 6 000 доллар ҷарима кард. Аммо дар зинаи бозбинии ҳукм бо шикояти нашрия ва хабарнигори он Олга Тутубалина додгоҳи шаҳри Душанбе ин ҳукмро бетағйир гузошт. Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи“Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG