Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Мередов аз Афғонистон


Рашид Мередов, акс аз бойгонӣ
Рашид Мередов, акс аз бойгонӣ
Рашид Мередов-вазири корҳои хориҷаи Туркманистон баъд аз қатли се марзбони кишвараш ғайримунтазира аз Афғонистон боздид кард. Намояндагии Туркманистон дар СММ 28 май эълон кард, ки Мередов-вазири корҳои хориҷа ва ҳамзамон муовини нахуствазири Туркманистон ҳафтаи ҷорӣ аз Афғонистон боздид кардааст ва бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари баландпояи Афғонистон мулоқот анҷом додааст.

Бино ба ин хабар, Мередов бо мақомти Афғонистон ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва бахшҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳори миёни вазоратҳои хориҷа гуфтугӯ карданд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки 3 марзбони Афғонистон дар вилояти Форёб, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG