Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД қисме аз салоҳиятҳои худро ба дигар вазоратҳо дод


Бар асоси барномаи ислоҳоти милитсия Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, ки аз 18 фасл иборат аст, бархе аз салоҳиятҳои вазорати корҳои дохилӣ ба вазорати тандурустӣ ва вазорати маориф ва илм гузошта хоҳад шуд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки матни пурраи «Барномаи ислоҳоти милиса» дар матбуот нашр шуда ва тибқи фасли 6-уми он, «ҳушёрхонаҳо» ва нигоҳдории шахсҳои сархуш ва афроде, ки дар хиёбонҳо маст мегарданд ва боздошт мешаванд, ба ихтиёри вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузошта мешаванд. Мувофиқи ин барнома, боздошт ва ба «ҳушёрхонаҳо» интиқол додани афроди сархушу маст ба души кормандони вазорати корҳои дохилӣ хоҳад буд. Мувофиқи «Барномаи ислоҳоти милиса» ҳамчунин вазифаҳои қабули ноболиғони Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони вазорати умури дохилӣ ба ихтиёри вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, феълан ин ду масъала мавриди омӯзиши ҳамаҷониба вазоратҳои дахлдор қарор дорад. Дигар аз ислоҳоте, ки дар ситемаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба амал хоҳад омад, таъсиси Департаменти политсияи ҷиноӣ ва Политсияи амнияти ҷамъиятӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG