Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси полиси Маскав дар фасод муттаҳам мешавад



Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи муовини раиси полиси шаҳри Маскав, генерал-майор Владимир Морозовро шурӯъ кард, ки барои баромадан аз валокати хизматӣ айбдор мешавад. Ба иттилои сухангӯи ин ниҳод Владимир Маркин, базудӣ бозпурсии Морозов шурӯъ мешавад. Маркин гуфтааст, ки Морозов дар истифодаи гурӯҳҳои тиҷоратӣ дар фаъолиятҳои пулшӯиву фасод муттаҳам мешавад. Морозов чанд рӯз пеш аз вазифааш канор рафт.
XS
SM
MD
LG