Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти мақомоти Яман зидди аъзои Ал-Қоида



Мақомот ва манобеи қабилаҳо дар Яман мегӯянд, дар паи ҳамлаи ҳавопаймои бехалабон болои мошини муттаҳамони Ал-Қоида, дасти кам шаш нафар кушта шуданд. Таркиши бомба мошинеро дар маҳаллаи Водии Обидаи вилояти Мариб дар шари Сано ҳадаф қарор дод. Ҳоло шиносонии ҷасадҳо ҷараён дорад. Рӯзе пеш аз ин баъди таркиши маргталабе дар сохтори полиси шаҳри Мукалла дасти кам 10 сарбоз ва як мулкӣ кушта шуданд. Ҳоло нирӯҳои ҳукуматии Яман амалиётеро зидди ҷангиёни Ал-Қоида ба роҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG