Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунад


Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел рӯзи 12 май бӯҳрони Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Яке аз қадамҳои аввали онҳо тавсеаи таҳримҳо дар нисбати ширкатҳои тиҷоратие мешавад, ки дар бӯҳрони Украина даст доштаанд. Дар ҳамин ҳол, президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпей, ки раҳбарии ин созмони иборат аз 28 узвро ба ӯҳда дорад, ба Украина бо ҳадафи мулоқот бо аъзои ҳукумат ва баррасии роҳҳои мӯътадилсозии вазъи ин кишвар дар остонаи интхоботи президентии 25 май сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG