Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон 5-6 май сурат мегирад


Сафари кории раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 май сурат мегирад. Тавре масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-уми апрел изҳор доштанд, ин сафар, ки ду рӯз давом мекунад дар он вохӯриҳо дар сатҳи роҳбарони олӣ ва имзои чанд санад дар соҳаи нақлиёт, маориф, фарҳанг ва сиёсат дар назар аст. Дар пайи сафари раиси ҷумҳури Туркманистон Абдулфайз Атоев, сардори раёсати иттилоот ва таҳлили сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки сафари мазкур ба густариши муносибатҳои ду кишвар такони нав хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG