Дар натиҷаи зери чархи қатора мондан дар шаҳри Душанбе як духтари 20-сола ба ҳолакат расидааст. Аз Вазорати корҳои дохила иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса рӯзи 30-юми апрел, тахминан соати 07:20, ҳангоме ки як тепловоз таҳти идораи Муртазоқул Қаюмови 51-сола, окини шаҳри Душанбе ва ёрдамчии вай Хайридди Одинаеви 51-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-1 ба тарафи истгоҳи Душанбе-2, дар болои пули маҳаллаи 103-юм, воқеъ дар кӯчаи Фединаи ноҳияи Синои пойтахт, Элмира Аҳмадиеваи 20-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш мекунад. Гуфта мешавад тепловоз ин духтарро ҳангоме пахш кард, ки вай аз болои пули мазкур мегузашт. Дар натиҷа Элмира Аҳмадиева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аммо ҷузъиёти ин ҳодиса, гуфта нашудааст.