Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Искандаров ба беморони равонии Турсунзода кӯмак кард


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки генерал-майори милитсия Шоҳ Искандаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода, ба беморхонаи касалиҳои равонии ин шаҳр кӯмак кардааст. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки генерал Муҳаммадшоҳ Искандаров, ки масъулият бахши умури дохилаи Турсунзодаро бар дӯш дорад, рӯзи 19 апрел ба ин беморхона маводи ғизоӣ, аз ҷумла 10 кило гӯшт, 50 дона нон, 30 кило сабзӣ, 25 кило биринҷ, 10 кило пиёз, 5 кило мандарин ва 10 кило равған ёрӣ расонидааст. Зимнан, масъулони муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ»-и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Турсунзода барои ин иқдом ба Шоҳ Искандаров расман изҳори миннатдорӣ кардаанд. Шоҳ Искандаров аз моҳи декабри соли гузашта ба ин тараф раҳбарии бахши ШКД-и Турсунзодаро ба ӯҳда дорад. Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3 декабри соли 2013 Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров, ноиби сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт ба вазифаи раиси пулиси шаҳри Турсунзода таъйин шуд. Собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин соли 2012 дар пайи амалиёти низомии Хоруғ ва пахши гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ дар водии Рашт (2010-2011), рутбаи генерал-майорро гирифт.
XS
SM
MD
LG