Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ “Финансирование торговли”-ро барҳам дод


Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ бинобар пешниҳод накардани ҳисоботи молиявӣ фаъолияти як созмони қарздиҳии ғайрибонкии “Финансирование торговли”-ро, ки гуфта мешавад раиси он аз хешовандони муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон аст, қатъ кард. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ бо тасдиқи ин хабар рӯзи 24-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаи созмони қарздиҳии ғайрибонкии “Финансирование торговли”, ки қароргоҳаш дар ноҳияи Ҳисор мебошад бозхонда шуд ва бо ҳамин фаъолияти он расман қатъ гардид. Раиси созмони қарздиҳии ғайрибонкии “Финансирование торговли” Улуғбек Алимардонов аз хешовандони муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон буда, дафтари он дар ноҳияи Ҳисор, 20 километрии ғарбии Душанбе қарор дошт. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани “Финансирование торговли” ба додгоҳ муроҷиат намуда ин созмони қарздиҳиро аз феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ кард аст. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел бо сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон ду бонк ё худ ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти қарзии хурди “Субҳи Урметан” ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди “Ҳафт Ганҷ”-ро боз хонда буд.
XS
SM
MD
LG