Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 1342 фитаи мазҳабӣ дар Душанбе


Кумитаи дини Тоҷикистон зимни як рейд дар бозорҳои Душанбе беш аз 1000 фитаҳои муҳтавои динидоштаро мусодира кардаанд.

Аз кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 6-уми март ба Озодӣ хабар доданд, ки ин рейд охири ҳафтаи гузашта дар бозори Корвон ва бо ҳамдастӣ бо дигар мақомоти зидахл сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ зимни гузаронидани рейд дар бозори «Корвон»-и пойтахт маҳаллу нуқтаҳои китобу фитафурӯшӣ аз назар гузаронида шудаанд. «Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фитафурӯшии мутааллиқ ба студияи “Нур” ҷамъан 1342 фитаи муҳтавои динидошта бо забонҳои арабӣ, русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбакӣ пайдо карда шуд, ки он бидуни гузаронидан аз ташхиси давлатии диншиносӣ ба фурӯш бароварда шудааст.», афзуд манбаъ. Сабаби мусодираи 1342 фита аз ҷониби студияи “Нур”-ро «хилофи талаботи қонуни озодии виҷдон» номиданд.

Ба гуфтаи манбаъ оид ба ин ҳолат санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1342 адад фитаи мазкур гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG