Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акрамшо Фелалиев - раиси фраксияи ҲХДТ дар порлумон


Акрамшо Фелалиев, вакили Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон аз ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси фраксияи ин ҳизб дар порлумон интихоб гардид.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намоягндагон рӯзи ҷумъаи 17-уми январ зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Акрамшо Фелалиев, дар ин вазифа Махфират Хидироваро ивааз кард.

Хонум Хидирова моҳи декабри соли гузашта бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин гардид.

Акрамшо Фелеалиев, 8-уми июни соли 1958 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, факултети биологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст, номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Вай вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати сеюм, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ (2005 - 2010), узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон, муовини раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон адои вазифа кардааст.

ҲХДТ, ба унвони ҳизби ҳоким аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. раиси Маҷлиси намояндагон ва муовинони вай ва ҳамчӯунин раисони Кумитаҳо низ ҳамагӣ узви ҲХДТ ҳастанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 курсӣ ибораӣ аст, ки дар канори намяондагони ҲХДТ, ҳамчунин ду нафарӣ вакилон аз ҳизбҳои коммунист, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва кившоарзӣ низ фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG