Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиҳаҳои созишнома барои кор дар кишварҳои арабӣ ва Куриёи Ҷанубӣ


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2013 барои таъмини шаҳрвандони кишвар бо ҷои кор дар хориҷи кишвар ба чанд давлатҳо лоиҳаҳои созишнома фиристондааст. Абдулло Қодирӣ, сӯхангуи Хадамоти муҳоҷират, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбеи 7-уми январ сардори хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев гуфтааст, хадамот ба хотири таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, соли гузашта якчанд лоиҳаи созишномаҳоро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳия ва такмил кардаст. Аз ҷумла барои мувофиқа ва омӯзиши тарафҳо, ин лоиҳаҳоро унвонии давлати Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, ҷумҳурии Украина ирсол шудааст. Абдулло Қодирӣ гуфт, ки барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон чанд созишномаи дигар бо созмону ташкилотҳо аз ҷумла, бо Маркази исломии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, «Анҷумани Пайванд» ва ширкати «Тоҷик- эйр» ба имзо расидааст.

Аз рӯи оморҳо беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатиянд.
XS
SM
MD
LG