Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтараки даҳсола бо "камарбанди шаҳид" боздошт шуд


Мақомоти Афғонистон ҷустуҷӯи як мусаллаҳи Толибонро шурӯъ карданд, ки хоҳари хурдсолашро барои маргталабӣ маҷбур сохтааст. Ин духтари даҳсола, ки рӯзи душанбе дар волусолии Хонашини вилояти Ҳилманд бо "камарбанди шаҳид" боздошт шуд, бояд худро дар назди идораи полиси марзбонӣ инфиҷор мекард.

Умар Зувак, сухангӯи волии Ҳилманд, рӯзи сешанбе ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки боздоштшуда ба маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ интиқол ёфт ва дар робита ба ҳодиса тафтишот оғоз ёфтааст.

Духтараки боздоштшуда, ки худро Спожмай муаррифӣ намуд, аз сӯи бародараш барои инфиҷори "камарбанди шаҳид" маҷбур шуданашро иқрор кард. Духтаракро яке аз марзбонҳо ошкор кард ва ӯ барои тарконидани худ фурсат наёфт.
XS
SM
MD
LG