Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Бордюжа гуфтааст, марзи Тоҷикиcтон ба кӯмакҳои СПАД ниёз дорад


Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа, масъалаи вазъи минтақа ва бо васоили низомӣ пурзӯр кардани марз бо Афғонистон баррасӣ шудааст. Тавре аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳур рӯзи 26-уми декабр хабар доданд, дар ин вохӯрӣ таваҷҷуҳи бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки дар соли 2014 ҷараён мегирад, зоҳир гардидааст. Дар робита ба ин мавзӯъ гуфта шудааст, ки кӯмаки моддию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбон ва сохторҳои дигари дахлдори Тоҷикистон зарур аст. Николай Бордюжа рӯзи 26-уми декабр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
XS
SM
MD
LG