Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди Словакия маҳбаси Эронро тарк карданд


Мақомоти Эрон ду парапланеристи словакиро, ки бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда буданд, аз зиндон раҳо карданд. Ба иттилои хабаргузории ИРНА, онҳо рӯзи панҷшанбе, 12 декабр, ба сафорати Словакия дар Теҳрон интиқол ёфтанд.

Ҳашт парапланерист аз Словакия моҳи майи соли равон барои аксбардорӣ аз фазо дар наздикиҳои Исфаҳон, ки муассисаҳои ҳастаии Эрон ҷойгиранд, дастгир шуданд. Мақомоти Эрон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки словакиҳо ҳангоми тамрин дар фазо аз радиостансияи хурд истифода мебуранд.

Шаш нафар аз боздоштшудаҳо моҳи сентбяр маҳбасро тарк намуда буданд. Ҳамаи онҳо иттиҳоми ҷосусиро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG