Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Миср баргузории гирдиҳамоиҳоро танзим мекунад


Раисиҷумҳури муваққати Миср Адлӣ Мансур рӯзи якшанбе амреро имзо кард, ки дар он қоидаҳои баргузории ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо муқаррар шудааст.

Ба иттилои телевизиони давлатии Миср, фармон ба баргузории ҳамоишҳову раҳпамоӣ ва намоишҳои осоишта дахл дорад. Афроде, ки ин фармонро нақз мекунанд, ҷарима ё маҳкум ба зиндон мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин амр интиқод намуданд ва гуфтанд, ки раисиҷумҳур эътирози онҳоро сарфи назар кардааст.

Рӯзи якшанбе ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳо бо баргузории гирдиҳамоиҳо сад рӯз аз саркӯбсозии намоиши эътирозиеро қайд карданд, ки бар асари он садҳо нафар ҷон бохтанд.

Кормандони полис барои парокандасозии гирдиҳамомадагон аз гази ашковар истифода бурданд.
XS
SM
MD
LG