Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамкории низомӣ бо Мисрро таҳким мебахшад


Русия мехоҳад ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фанниро бо Миср таҳким бубахшад. Изҳороти вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ин бора дар мулоқот бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар Қоҳира садо дод. Дар ин сӯҳбат вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ ҳузур дошт. Рӯзи панҷшанбе Лавров ва Шойгу бо раисиҷумҳури муваққати Миср Адлӣ Мансур ҳам дидору гуфтугӯ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳайати Русия мехоҳад, ки Қоҳира созиш барои харидории силоҳ аз Русия ба маблағи ду миллиард долларро тайид кунад.
XS
SM
MD
LG