Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи Бобоназарова рад шуд


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, (КМИРТ) мегӯяд, ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова посухи расмӣ ирсол кардааст.

Фирдавс Табаров, котиби матбуотии КМИР дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, КМИР ба номаи ирсолкардаи Муҳиддин Кабирӣ ҷавобияи расмӣ додааст. Аммо дар ҲНИТ ба Озодӣ гуфтанд, ки дархости Кабирӣ аз ҷониби Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР бо сабаби наовардани асноди лозимӣ ба КМИР дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузорӣ рад карда шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ирсоли як нома ба унвонии Шермуҳаммади Шоҳиён бо овардани чанд далел хоста буд, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ сабт кунанд.
XS
SM
MD
LG