Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 савол барои мубориза бо фасод ба ҳукумати Тоҷикистон


Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо фасод дар ин кишвар 500 савол пешниҳод кардааст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ин саволҳо ҷавобҳои мушаххас диҳад.

Дар ин бора имрӯз 18-уми октябр дар як ҷамъомаде бо иштироки намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва мақомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳарчӣ бештар барои решакан кардани фасод мубориза барад.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳисобот пешниҳод кунад, ки дар роҳи мубора ба коррупсия ва фасоди молӣ то куҷо мувафақ шудааст. Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд гуфтааст, баъд аз ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода аз болои он ҳисобот санҷиш мегузаронад. Вале на дар мақомот, балки дар миёни мардуми оддӣ ва фаъолони ҷомеа натиҷаҳои мубориза бо фасодро пурсиш мегузарондааст ва то куҷо дуруст будани факту рақмҳои ҳисоботро месанҷидааст.

Дар ҳоли манфӣ баҳо додани ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон, сатҳи сармоягузорӣ ба ин кишвар метавонад коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG