Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастайии Эрон дар Женева


Гурӯҳи 5 бар иловаи 1 музокироти худ дар мавриди барномаи атомиии Теҳронро имрӯз сешанбеи 15-уми октябр дар шаҳри Женева оғоз намуд. Бино бар он чи вазири хориҷии Эрон гуфтааст дар ин гуфтугӯҳо «чаҳорчуби пешниҳоди Эрон» барои расидан ба роҳи ҳал ироа хоҳад шуд.

Ин музокироти дурӯза, нахустин давра аз гуфтӯгуҳост, ки пас аз дидори муқадамотии вазирони хориҷии ҳафт кишвар дар охири моҳи гузашта дар Ню Йорк ва бо рӯи кор омадани ҳукумати нав дар Теҳрон баргузор мешавад.

Муҳаммад Ҷаводи Зарифӣ, вазири хориҷии Эрон, пеш аз оғози кори Женева дар саҳфаи Фейсбуки худ навиштааст, ки Женева «шурӯъи як роҳи душвор ва замонабар аст.» Ӯ дар айни ҳол ибрози умедворӣ кардааст, ки то рӯзи чаҳоршанбе тарафҳо дар мавриди «нақшаи роҳе баро расидан ба роҳи ҳал» ба тафоҳум бирасанд.

Муҳаммад Ҷаводи Зарифӣ, ки сардори ҳайати кори атомии Теҳрон аст, рӯзи душанбе бо Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Амрупо дидор кардааст. Хонум Эштон роҳбари гурӯҳи 1+5 дар гуфтугӯҳо бо Теҳрон аст.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Зарифӣ қарор аст дар бораи пешниҳодоти нави Теҳрон тавзеҳ дода, сипас музокирот дар сатҳи муовинони вазоратхонаҳои хориҷии ҳафт кишвар идома пайдо кунад.

Дар ин гуфтугӯ намояндагони кишварҳои Эрон, Амрико, Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Олмон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG