Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бар зидди раиси "Уралкалий" парванда боз кард


Владислав Баумгертнер
Владислав Баумгертнер
Бозрасони Русия бар зидди Владислав Баумгертнер -мудири иҷроии ширкати “Уралкалий” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тақозо кардаанд, ки Беларусия вайро ба Русия бидиҳад. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи душанбе гуфт, сабаби боз кардани парванда он будааст, ки Владислав Баумгертнерро дар суистифода аз мақом гумонбар медонад.

Мақомоти Беларусия вайро охири моҳи август, дар Минск боздошт карданд. Тақрибан як моҳ пеш “Уралкалий” аз ширкати муштараке бо Беларусия хориҷ шуда буд ва он сабаби моҷарои миёни Русия ва Белорусия гардид.

Белорусия Баумгертнерро ба суистифода аз мақом гунаҳгор медонад. Президент Александр Лукашенко ҳафтаи гузашта гуфт, ки далоили навро ошкор кардаанд ва Баумгертнер барои дуздӣ гунаҳгор эълон шудааст. Вай афзуд кишвараш омода аст Баумгертнерро ба Маскав бидиҳад, агар Русия омода бошад, ки ба парвандаи вай расидагӣ кунад, зеро Баумгертнер нисбат ба Беларусия ба Русия бештар зарар расондааст.
XS
SM
MD
LG