Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон қарордоди $16,2 миллион имзо кард


Вазорати молияи Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ як қарордоди 16,2 миллион долларӣ имзо кардааст. Ин маблағ барои беҳбуди вазъи таҳсил ва сифати он сарф хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазорат, иҷрои ин тарҳ имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба таълими барномаҳои томактабӣ дар муассисаҳои марбута беҳтар шавад ва муассисаҳои нави томактабӣ низ ба вуҷуд ояд. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки барномаҳои таълимӣ бо назардошти меъёрҳои нав таҳия шавад, омӯзгорон тамрин бубинанд.

Бо ин маблағ таъмин кардани муасисаҳои таълимӣ бо мебел, анҷом додани ислоҳот дар низоми таълимӣ ва баргузор кардани дарсҳои омӯзишӣ барои раҳбарони мактабҳл низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG