Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии HRW аз шиканҷа дар маҳбасҳои Сурия


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) ҳукумати Сурияро дар ғайриқонунӣ дар маҳбасҳо нигаҳ доштани даҳҳо ҳазор мухолифини ҳукумат ва шиканҷаи онҳо айбдор кард. Дар гузориши тозаи ин созмони мустақар дар Ню-Йорк ному насаби беш аз 20 суриягие оварда шудааст, ки миёнашон фаъолони сиёсӣ ва табибон низ ҳастанд. Онҳо ба HRW хабар додаанд, ки дар маҳбасҳо маҳбусони сиёсиро латукӯбу таҷовуз ва бо ноқилҳои барқӣ шинкаҷа мекунанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки мухолифини мусаллаҳи режими Башор Асад ҳам фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон ва кормандони созмонҳои хайрияро ғайриқонунӣ боздошт мекунанд ва дар бархе ҳолатҳо онҳоро эъдом менамоянд.

Ба иттилои СММ, аз оғози низоъ дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 беш аз сад ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG