Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняху: Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ нахоҳад шуд


Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил, гуфт, ки кишвараш ба Эрон иҷозаи соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуданро нахоҳад дод, ҳатто дар сурате, ки дар ҷабҳаи дифоъ аз таҳдиди ҳастаии Теҳрон танҳо бимонад.

Зимни суханронӣ аз минбари Маҷмааи умумии СММ ӯ гуфт, ки фақат таҳримҳои шадид ва таҳдиди низомӣ Эронро барои даст бардоштан аз талоши сохтани бомби ҳастаӣ водор месозанд. Нетаняху афзуд, ки ба изҳороти раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бовар надорад. Ӯ Рӯҳониро “гурге дар пӯсти гусфанд” номид.

Бенямин Нетаняху ҳамчунин гуфт, ки ҷонибдори раванди сулҳ бо Фаластин аст ва аммо фаластиниҳо бояд давлати Исроилро эътироф кунанд.

Намояндаи Эрон дар СММ Худойдод Сайфӣ суханронии Нетаняхуро “иғвоангез” номид.

Аз ин пештар вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нахуствазири Исроилро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард. Дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон ӯ гуфт, ки Нетаняху ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон гӯл мезанад. Ӯ афзуд, ки 22 сол боз режими Исроил пайваста изҳор мекунад, ки Эрон баъд аз шаш моҳ соҳиби силоҳи ҳастаӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG