Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷуҳи ширкатҳои фаронсавӣ ба Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҳайати парлумонии Фаронса дар масоили ҳамкориҳои ин кишвар барои амнияти минтақа ва сармоягузорӣ дар рушди Тоҷикистон суҳбат кардаанд. Тарве дар ин бора аз дафтари матбуоти президент иттилоъ доданд, дар вохурии шоми 2-уми сентябр Андре Дюле, сенатори фаронсавӣ ва роҳбари гурӯҳи “Фаронса ва Осиёи Марказӣ” изҳор доштааст, кишвараш омодаи чунин ҳамкорӣ аст. Аз ҷумла гуфтааст “Фаронса, аз ҷумла парлумони он омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд”.

Манбаъ афзуд ширкатҳои бонуфузи Фаронса ба мисли Тотал ва Алстом дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба таъкиди Андре Дюле “ширкатҳои зиёди дигар низ аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд”.
XS
SM
MD
LG